дилхунукӣ — [دلخنکي] дилхунук будан; дилхунук шудан; дилмондагӣ, дилсардӣ; нохушие, ки сабаби тарки алоқа шудааст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дил — [دل] 1. узви марказии низоми гардиши хуни одам ва ҳайвон, ки ҳаракати хунро идора мекунад, қалб; дили бемор дили касал, дили дардманд 2. маҷ. марказ, васат, миён, дарун: дили мамлакат, дили кӯҳ; дили санг мағзи санг, миёни санг; дили шаб ними шаб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бедил — [بيدل] 1. дилхунук, дилмонда, дилгир: бедил шудан аз касе 2. кит. ошиқи дилбохта, ошиқи беқарор 3. маҷ. тарсончак, буздил, бегурда 4. тахаллуси шоири бузурги форсу тоҷик Мирзо Абдулқодир (1644 1721) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бедилӣ — [بيدلي] 1. дилхунукӣ, дилмондагӣ 2. маҷ. тарсончакӣ, буздилӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вайрон — [ويران] 1. шикаста, табоҳ, аз кор баромада; хароб; муқоб. обод: роҳи вайрон, хонаи вайрон 2. ниг. вайрона 3. нодуруст, таҳрифшуда; ғалат, нуқсондор; забони вайрон забони носуфта ва олоишёфта; ҷумлаи вайрон ҷумлаи ғалат, ҷумлаи хилофи қоидаҳои… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
даст — [دست] 1. узви бадани инсон аз шона то нӯги ангуштон; каф ва панҷаи даст, яд 2. маҷ. ҷавр, бедод, тааддӣ: аз дасти замона 3. сӯй, тараф, ҷониб: дасти рост, дасти чап 4. дафъа, карат, бор; навбат (дар қиморбозӣ) 5. нум. маҷмӯи чизҳои якҷинса, ки… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дилмондагӣ — [دل ماندگي] шакли дигари сифати феълии замони гузашта аз дил мондан; дилхунукӣ, дилмонда будан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дилмурда — [دل مرده] афсурдадил, ба зиндагӣ бешавқу завқ будан; муқоб. зиндадил; дилмурда шудан дилхунук шудан аз зиндагӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дилсардӣ — [دل سردي] ниг. дилхунукӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
каммеҳр — [کم مهر] дилсард, дилхунук, он ки нисбат ба касе меҳри зиёд надорад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ